Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, назди дарёи Ямчун қомат афрохтааст. Он бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари америкоӣ навсозӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ноҳияи Ишкошим шинос гардид.
Дар баробари азнавбарқароркунии қалъаи мазкур, инчунин барои омадани сайёҳонони хориҷиву дохилӣ ба ин мавзеъ роҳи пиёдагард ба сӯи қалъа таъмир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 км қарор дорад.
Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон