Дар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов доир ба муҳимтарин тасмимҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имконияти фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.
Роҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон — CTOUR Ҳанс-Петер Гаул иброз намуд, ки баргузории чунин чорабинии муштарак ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии мамлакат, бахусус сода гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон посух дод.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон