- Шумо тарғибгари кори мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, осорхонаҳо, галереяҳо, намоишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ ҳастед?
- Шумо фаъолияти роҳбаладӣ мекунед ва ин кор бароятон писанд аст?
- Мехоҳед фаъолияти роҳбаладии Шумо боз ҳам вусъат ёбад ва ба Шумо шуҳрати бештар орад?
Инак, озмуни навбатӣ барои Шумост!
Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Роҳбалади беҳтарин”-ро эълон мекунад.
Барои ширкат дар озмун танҳо ба Шумо лозим аст, ки навори кӯтоҳи сабткардаи худро доир ба кори роҳбаладиатон ба телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” равон намоед.
Навор бояд босифат, муъҷаз ва ҷолиб бошад.
Озмун дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибонро диплому ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ интизоранд!
Иштирокчиён метавонанд маводи худро мустақиман ё тавассути Telegramm ва Whatsapp бо рақами (+992)93 996 22 20 равон намоед.
Санаи охирини пешниҳоди мавод барои озмун 1 августи соли равон.
Маълумоти иловаги тавассути сомонаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” www.tvsayohi.tj почтаи элекронии tvsayohi@gmail.com ва телефонҳои 225 20 26, 93 996 22 20
Шитобед ва имкониятро аз даст надиҳед!