Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар баробари ташкилу баргузории форуму чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ барои меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс 7 хатсайри сайёҳӣ ташкил мегардад.
Субҳи имрӯз, 13-уми июн меҳмонон – иштирокдорони Конфронси сатҳи баланд, ҷиҳати шиносоӣ бо мавзеҳои таърихию сайёҳии мамлакат дар хатсайрҳои муайянгардида сафарбар гардиданд.
Хатсайрҳи сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар ин доира меҳмонон имкон пайдо карданд аз маконҳои сайёҳӣ, таърихию фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе, осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва Қалъаи Ҳисор, дар шаҳри шаҳри Норак аз сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», дар шаҳри шаҳри Роғун аз Неругоҳи барқи обии «Роғун», дар шаҳри Ваҳдат аз дараи зебоманзараи Ромит, дар ноҳияи Варзоб аз дар дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма ва ва ҳамчунин аз Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» дидан карда, бо зарфиятҳои сайёҳии мамлакат шинос гардиданд.