Дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки 10 июн дар доираи баргузории ин конференсияи сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои зиёд доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилоти ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.
Ҳадафи конференсия тақвият бахшидан ба саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад.
Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.
Дар зер андешаҳо оид ба масъалаҳои глобалии марбут ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар заминаи рушди устувор пешниҳод мегарданд.
-Бояд гуфт, ки таъсири тағйирёбии иқлим назар ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳарчӣ бештар дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Махсусан раванди мураккабшавии тағйирёбии иқлим ва аз ҳад зиёд баланд шудани ҳарорати ҳаво боис ба обшавии пиряхҳо ва аз байн рафтани дарёву обҳои зеризаминии минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст.
Дар шароити коҳишёбии ҳаҷми об дар Осиёи Марказӣ кишварҳои ҳамсарҳади он ва мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ осебпазир мешаванд. Зеро маҷрои дарёҳои минтақа ба обҳои ин давлатҳо мерасад ва манбаи оби он кишварҳо аз минтақаи Осиёи Марказӣ сарчашма мегирад. Буҳрони норасосии об, алалхусус оби тозаи ошомиданӣ тамоми сайёри Заминро фаро гирифта, фазои даҳшатангези иқлимӣ ва табииро барои ҳамаи мавҷудоти зинда ба вуҷуд овардааст.
Сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз пеш дар пасманзари хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонии норасоии об ва азбайнравии захираҳои обӣ қарор доранд. Барои минтақа афзалияти доштани захираҳои обӣ нисбатан дараҷаи баланди рушдро ифода менамояд. Танқисӣ кашидан аз хатари коҳиши захираҳои обӣ тамоми минтақаро ба мушкилоти ҷиддии табиӣ оварда, дар ин самт ба роҳ мондани ҳамгироии минтақавиро талаб менамояд.
Мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар, пеш аз ҳама, аз сатҳи афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавии заминҳои корами киштзор, хушксолӣ ва тағйирёбии иқлим дар сайёра сарчашма гирифта, хатари таҳдидҳои обшавии пиряхҳо ва коҳиш гардидани оби тозаи ошомиданиро ба амал меоварад. Дар ин замина ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи об бетараф набошад ва ба иқдоми дастҷамъона ҳамроҳ шуда, ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар амал татбиқ намояд.
Масъалаи об ҳамчун Ҳадафи 6 – уми рушди устувор (SDG 6) бо мақсади таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва санитарияи он барои тамоми аҳолии Замин то давраи соли 2030 ба ҳисоб меравад. Зеро раванди ифлосшавии об дар сайёраи мо афзоиш ёфта, тақрибан 1 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.
Мувофиқи мониторинги Барномаи якҷояи Созмони байналмилалии тандурустӣ ва Хазинаи байналмилалии ҳифзи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), танҳо 2,2 миллиард аҳолии олам бемамониат ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта, 4,2 миллиард нафар дастрасии комил ва амн ба оби тозаи истеъмолиро надорад, ки бештари онҳо дар деҳот ва кишварҳои тараққинокарда зиндагӣ менамоянд.
Зимнан, дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид ниҳоди махсус доир ба масъалаҳои об-“СММ-Об (UN — Water)” соли 2003 таъсис гардид, ки аз 31 аъзо ва 38 шарики ҳамкор иборат мебошад. Мақсади фаъолияти онро ҳамоҳангсозии фаъолияти 30 ниҳоди вобастаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар самти идоракунии захираҳои об ташкил медиҳанд.
Мушкилоти норасоии об, пеш аз ҳама, оби тозаи ошомиданӣ ба бештари мамлакатҳои ҷаҳон хисороти зиёд пеш овардааст, ки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар алоҳидагӣ имконияти бартараф карданашро надоранд. Аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Марказӣ низ, ки захираҳои зиёди обӣ доранд, дар баъзе ҳудуди он минтақаҳое мавҷуданд, ки аз норасоии об, махсусан оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
Дар ин зимн, истифода намудан аз дипломатияи об барои ташаккул додани ҳамкории минтақавӣ аз ҷумлаи тадбирҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ташаббуси муштаракро дар ин самт тақозо менамояд. Дар доираи ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, давлатҳои ҳамсарҳад, созмону ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намудан ва андешидани тадбирҳои пешгирикунада имконияти истодагарӣ намудани кишварҳои минтақаро бо ин чолиши иқлимӣ ба вуҷуд меорад. Истифодаи дипломатияи об барои кишварҳо шароити музокироти минтақавӣ фароҳам оварда, дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳои мубрами идоракунии самараноки захираҳои обӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дипломатияи об ҳамчун истилоҳ дар низоми сиёсати хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣва чун ташаббуси муносибати минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки бо забони англисӣ ибораи – “Water diplomacy” маҳсуб мешавад, дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардидааст.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ пас аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро мувофиқи муқаррароти банди б моддаи 55 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан – Франсискои ИМА қабул шуда, 24 октябри соли 1945 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади таъмини амният ва некӯаҳволии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар самти об, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири аввалиндараҷаи манфӣ расонидааст, амалӣ менамояд.
Дипломатияи вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ аз соли 1992 бо ба имзо расонидани Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи обҳои дарёҳои байнидавлатӣ оғоз ёфта, Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии об аз ҷониби кишварҳо барои густариши муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи об аз ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму ва соли 1993 Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуданд.
Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз 18 – 20 сентябри соли 1995 зимни баргузор намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба инкишофи устувори ҳавзаи баҳри Арал дар шаҳри Нуқуси Узбекистон ташаббуси дастҷамъонаро дар масъалаи об бо мақсади густариш додани равобити байналмилалии кишварҳо эълон намуданд. Роҳбарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти идоракунии ҳамгироии муҳити зист, инкишофи устувор ва дигаргунсозии иқтисодӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва инкишофи иқтидор дар равобити ҳасанаи ҷонибҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, 20 сентябри соли 1995 Баёнияи Нуқусро ба имзо расониданд.
Дар доираи ҳамгироии минтақавӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои заруриро барои таъмини устувори дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар минтақа меандешанд. Дар ҳар ҷаласаву ҳамоишҳои минтақавии кишварҳо масъалаи об аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими мавриди баррасӣ қарордодашаванда ба ҳисоб меравад. Кишварҳо аллакай дарк намудаанд, ки барои ояндаи дурахшони худ ба раванди ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ идома диҳанд. Ҳар давлати минтақа талош бояд варзад, то ин ки мушкилоти об аз назари минтақавӣ дур намонад.
Мушкилоти об барои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳарду кишвари кӯҳсор ҳастанд ва дар ҳарду давлат миқдори зиёди захираҳои обии минтақавӣ нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумлаи кишварҳои осебпазири минтақа дар самти мушкилоти обӣ мебошанд. Шояд дар гузашта хатари аз байн рафтани захираҳои обӣ барои ин ду мамлакат на он қадар назаррас буд, вале ду даҳсола аст, ки ин мушкилот тамоми кишварҳои минтақаро фарогир шудааст. Давлатҳои минтақа талош варзида истодаанд, ки миқдори захираҳои обии худро, агарчӣ зиёд карда наметавонанд, лоақал дар доираи имконияти мавҷуда роҳҳои алтернативии нигоҳдошти онҳоро ба вуҷуд оваранд.
Оқибатҳои манфии дигаргуншавии иқлим ва табиат, пеш аз ҳама, таҳдид ба сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ доранд. Мардумони минтақа чанд соли охир аст, ки аз кам шудани захираҳои обӣ танқисӣ мекашанд. Об манбаи ҳам зинда мондан ва ҳам сарчашмаи рӯзгордориву даромад барои давлатҳои минтақа мебошад. Об барои соҳаи кишоварзӣ, саноат ва тиҷорат фоидаи соф меоварад. Дар кишту кор, истеҳсолот ва савдо ҳамаҷониба истифода мегардад. Зарари азбайнравии он боиси мушкилоти дигар дар минтақа мегардад. Аз ҷумла, ба вуҷуд омадани сатҳи баланди бекорӣ, бад гардидани шароити зист, афзоиш гардидани қашшоқӣ, ба вуҷуд омадани хушкӣ, паст гардидани иқтидори истеҳсолӣ, тараққӣ наёфтани саноат ва ба амал омадани низоъҳои минтақавӣ.
Андешидани тадбирҳои муштараки давлатҳо ташаббуси якҷояи онҳоро дар назар дошта метавонад. Иқдоми некбинона ва мустаҳкам намудани равобити минтақавӣ ба рушди ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад, зеро об метавонад пайвандгари давлатҳо гардад. Ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва некхоҳонаи кишварҳо барои самаранок истифода бурдан аз захираҳои обӣ имконияти зиёде ба вуҷуд меоварад. Дар доираи музокирот ва пешбурди равандҳои дипломатияи обӣ кишварҳои минтақа масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, баҳсҳои минтақавӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дарёи Омӯ дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Вахш ва Панҷ аз ҷумлаи калонтарин манбаи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки маҷрои оби он аз Тоҷикистон ва баъдан аз Қирғизистон сарчашма гирифта, тамоми минтақаро фаро мегирад. Дарозии маҷрои дарёи Омӯ 2620 км ва масоҳати ташкилкунадаи он 227 000 км2аст. Дарёи Сир дуюмин манбаи калонтарини обӣ дар минтақа мебошад. Дарёи Сир дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Норин ва Қара ба вуҷуд меояд. Водиҳои Фарғона, Олой ва Туркистонро дар бар мегирад ва паҳноии он давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ташкил медиҳад. Масоҳати иҳотакунандаи дарё ҳудуди 2860 км мебошад. Дарёи дигари калонтарини минтақа- ин дарёи Тарима буда, дар натиҷаи омехташавии дарёҳои Сариҷоз, Узенгкууш, Оқсӯ, Қизилсу, Маркансу таъсис меёбад.
Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ беш аз 4000 обанбор ва кӯл мавҷуд аст. Аз ҳама калонтарини онҳо баҳри Арал, Иссиқкӯл ва обанбори Норак ба ҳисоб мераванд. Ҳаҷми бештари захираҳои обии зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҷойгир мебошанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон манбаи таъминкунандаи оби минтақа ба шумор мераванд.
Мушкилоти баҳри Арал, обшавии пиряхҳо ва хушку биёбошавии замин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои умдаи мушкилоти ҳамгироии минтақавӣ оид ба об мебошад. Давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон аз ҳама зиёдтар дар масъалаи мушкилоти норасоии об осебпазир ҳастанд. Бо сабаби камобӣ ва кам будани манбаъҳои обӣ (кӯҳҳо ва пиряхҳо) дар ин давлатҳо дастёбӣ ба об хеле ҳам мушкил гардида истодааст.
Кӯҳҳои Помир, Тиёншон ва Олтой аз ҷумлаи қаторкӯҳҳое мебошанд, ки на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон бо зебоӣ ва захираҳои табиии худ машҳур мебошанд. Ин қаторкӯҳҳо иқтидори васеи ба вуҷуд омадани обро доранд. Пиряхҳо ва барфҳои пайвасти ин кӯҳҳо имконияти васеи табиӣ ва обиро барои сокинони минтақа ба вуҷуд оварда, шароити зарурии обтаъминкунӣ муҳайё менамоянд.
Тибқи маълумоти коршиносон, давоми 40 соли охир ҳаҷми таъминоти об дар Осиёи Марказӣ соле аз 8,4 ҳазор метри мукааб ба 2,5 ҳазор метри мукааб кам шуд. То соли 2030 бо суръати имрӯзаи афзоиши аҳолии минтақа таъмини оби тозаи ошомиданӣ дараҷаи баланди хатарнокӣ – дар як сол камтар аз 1,7 ҳазор метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, барои нигоҳ доштани сатҳи истеъмоли ҳадди ақалли оби тоза дар Осиёи Марказӣ сол ба сол кам гардида, миқдори миёнаи он аз 500 то 700 миллион метри мукааб об иборат аст.
Мушкилоти дигари об дар минтақа ин истифодаи бесамари захираҳои обӣ мебошад, ки дар натиҷа заминҳои киштзор ва дарахтон оби шӯрро истеъмол намуда, қобилияти ҳосилнокиро аз даст медиҳанд. Чунин ҳолат дар Туркманистон бештар ба амал меояд, ки 90% — и хоҷаги қишлоқ ва иқтидори аграрасаноатии ин кишвар зери хавф қарор дода мешавад.
Нақши Тоҷикистон дар ин ҷода ҳам барои минтақа ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки чун мамлакати ташаббускори дипломатияи об пазируфта шудааст, муҳим арзёбӣ мегардад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54 – уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (1 октябри соли 1999) эълон намудани соли 2003 Соли оби тоза ворид гардида, масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд ба таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти он, аз ҷумла татбиқи Рӯзномаҳои Эъломияи Ҳазорсола, Рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил медиҳад.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли оби тоза ва 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон шуданд. Дар ин замина 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар натиҷа аз баргузории Форуми байналмилалӣ роҳбарони давлатҳову намояндагони кишварҳои ҷаҳон масъалаи глобалии обро мушкилоти аввалиндараҷаи давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, ба хулосае омаданд, ки дар асоси музокироту гуфтушунидҳои байналмилалӣ метавон бо иттифоқи оро мушкилоти обро марҳила ба марҳила ҳал намоянд.
Бо инобати вазъи минтақа ва ҷаҳон ва пешниҳодҳои Роҳбари давлати ташаббускор- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шуданд.
Дар ҷараёни татбиқи Даҳсола соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон ниҳоди махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо номи Гурӯҳи “Дӯстони об” таъсис дода шуд, ки дар доираи фаъолияти он масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Зимни амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон қабул карда шуданд ва масъалаи об барои ҳаёт дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса пайдо намуд.
Пешиҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Эълон намудани соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” 20 декабри 2010 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, тибқи ташаббуси мазкур 20 – 21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул шуданд.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсус ба ҳолати обшавии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим, камшавии оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ марбут ба об 12 апрели соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси чоруми Тоҷикистонро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 манзур намуда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об ҷалб намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти об дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” (19 сентябри 2017), ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (21 сентярбри соли 2017), чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” (22 марти соли 2018), зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018 – 2028” (23 марти соли 2018), чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” (23 марти соли 2018) ва маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (20 июни соли 2018, шаҳри Душанбе) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ниҳоят, Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар ҷаласаи 71 – ум 23 декабри соли 2016 бо иттифоқи оро аз ҷониби 177 аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, аз ҷумла таъмини умум ва баробари дастрасии бехатар ба оби тозаи ошомиданӣ, афзоиш намудани сифати об дар натиҷаи коҳишдиҳии ифлоснамоии он, бартарафнамоии пасмондаҳои партовҳо ва маводи кимиёвӣ, коркард ва дубора истифода намудани оби тозаи ошомиданӣ, ҳифз, нигоҳдошт ва барқарор намудани экосистемаҳои обӣ, аз ҷумла кӯҳҳо, ҷангалзор, дарёҳо, кӯлу обанборҳо, густариш додани ҳамгироӣ, ҳамкорӣ ва дипломатияи байналмилалӣ дар самти ташаккул додани потенсиали давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода дар фаъолнамоии барномаҳо марбут ба обёрӣ, санитария, тозанамоӣ ва коркарди об, ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи иштироки ақаллияти хурди милливу маҳаллӣ ба дастрасии бехатар ба оби тозаи ошомиданиро татбиқ менамояд.
Дар асоси муқаррароти қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз гардид ва он то 22 марти 2028 идома меёбад. Даҳсолаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки рушди устувор ва идоракунии самараноки захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об дар тамоми минтақаҳои сайёра амалӣ гарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ нақши меҳварии дипломатияи обро муассир шуморида, чандин маротиба аст, ки кишварҳои ҷаҳонро барои таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ барои татбиқи босамари масъалаҳои марбут ба об муттаҳид менамоянд.
Хулоса, маҳз ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ дипломатияи об дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ меҳвари асосии рушди сиёсати хориҷии минтақавӣ ба ҳисоб рафта, минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори байналмилалӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувори сайёра муаррифӣ менамояд.
Ҳадафҳои устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба об метавонанд, ки муносибатҳои муштараки давлатҳоро боз ҳам мустаҳкам намоянд ва барои бунёди ояндаи дурахшони ин давлатҳо самараи нек фароҳам оваранд. Умед ба он бояд намуд, ки ташаккул ёфтани ҳамкории обӣ равобити минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро боз ҳам зич мегардонад ва давлатҳои ҳамҷавор якҷоя бар зидди ҳама гуна хавфу хатарҳои ба миёномада мубориза мебаранд.
Хушбахт СОДИҚЗОДА,
докторант (PhD)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»