Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд

Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик шинос гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати меҳмононро директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода истиқбол намуда, аз ҷониби роҳбарияти муассиса барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.