Мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои арзёбӣ ва баҳодиҳии 476 пирях, ки ҳолати обшавии онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, тадбир меандешем. Чунин изҳор дошт Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле имрӯз зимни суханронӣ дар Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».
Одри Азуле ҳамзамон ҷонибдорияшро бобати гузаронидани даврҳои омӯзишӣ дар самти тағйирёбии иқлим баён намуда, гуфт, ки дар ин самт кор мебаранд.
«Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои уҳдадориҳо ва ташаббусҳои нек дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, изҳори сипос мегӯем ва аз тамоми давлатҳои аъзо даъват менамоем, ки дар ҳамбастагӣ фаъол бошанд» , — гуфт номбурда.
Ёдовар мешавем, ки дар ин лаҳзаҳо Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» идома дорад ва дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 300 нафар намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок доранд.
Дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»