Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таъкид намуданд, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ҷиҳати фаъолсозии «Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо» саҳми молиявии худро гузошт.
Дар идома Сарвари давлат аз кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуданд, ки дар таҳкими имкониятҳои молиявии фонди мазкур саҳмгузор бошанд.
«Тибқи қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд», — иттилоъ доданд Пешвои миллат.
Бо истифода аз фурсат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро барои иштироку саҳмгузорӣ дар он даъват намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»