Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд»

Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо аст, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» изҳор намуданд.

Аз ин лиҳоз, ба таъкиди Сарвари давлат, мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавияти сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст.

«Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин радиф Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, махсус таъкид карда шуд.