Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд

Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд. Дар ин хусус имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ибрози назар намуданд.

Бо истифода аз фурсат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро барои иштироку саҳмгузорӣ дар он даъват намуданд.