Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда шуд.
Аввалин парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати Ҷазира Эрвейз сурат гирифт.
Мусофирони аввалин хатсайрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт, Менеҷери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати Ҷазира Эрвейз, муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт зимни суханронӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати давлати Кувайт ва ба ҳама мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳамкорӣ дар роҳандозии парвозҳои мустақим миннатдории самимӣ баён намуда, инчунин изҳори умед карданд, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд.
Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки хатсайри нав дар рушди соҳа ва муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷ такони ҷиддӣ мебахшад.
Ёдовар мешавем, парвозҳо дар хатсайри Кувайт-Душанбе ҳар ҳафта ду маротиба – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе сурат гирифта, дар назар аст бо афзудани рафтуомади мусофирони ин хатсайр ба низоми ҳаррӯза гузаронида шавад.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хидмат хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»