«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар пойтахт даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун аз рӯи 7 номинатсия: кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ; гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ; заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ; ороиш аз санг; кулолгарӣ; читгарӣ, зардӯзӣ ва попурӣ; намадбофӣ ва қолинбофӣ доир мегардад.

Ҳадафи ин фестивал эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба наслҳои оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мебошад.