Дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кори худ оғоз кард.
Чорабинии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби барномаи «Раванди оби Душанбе» аз 10 то 13 июн идома хоҳад кард. Барои инъикоси ин чорабинӣ дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат беш аз 100 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои намояндагони ВАО маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст, ки бо технологияҳои зарурӣ ва нав муҷаҳҳаз аст ва ҷойҳои махсус низ ташкил карда шудааст, ки дар он рӯзноманигорон бо мутахассисони соҳа, шахсони расмӣ ва ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок доранд, мулоқот мекунанд.