Маҳмадтоир Зокирзода бо Датук Нур Ҷазлан бин Тан Шри Муҳаммад мулоқот намуд

10 июн дар доираи Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия Датук Нур Ҷазлан бин Тан Шри Муҳаммад мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонии ду давлат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории байнипарлумониро бо Парлумони Малайзия аз афзалияти худ медонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Парлумони Малайзия таъсис дода шудааст.

Пешниҳод гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшида шавад.
Ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар ҳамаи сатҳҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷом дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардиданд.