«Минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон давоми 30 сол аҳолӣ ду баробар зиёд шудааст. Мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион шудем. Талабот ба об низ ҳамчунин меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ бунёд кунем, аммо дарёи нав сохта наметавонем. Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин тараққиёт нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёде вобаста ба об вуҷуд доранд, яке аз онҳо, ки ҳоло ҳамаи мо онро эҳсос мекунем- ин тағйирёбии иқлим аст», — гуфт зимни ифтитоҳи Форуми III минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мо тағйирёбии иқлимро тавассути об дар минтақаи худ 84% ва дар сатҳи ҷаҳонӣ 76% эҳсос менамоем.
«Ҳамаи ин ба Ҳадафҳои рушди устувор таъсир мерасонанд, ки барои ноил шудан ба онҳо мо бояд кӯшишҳоямонро беш аз 4 маротиба пурзӯр кунем. Барои ин абзори устувор дар сатҳҳои гуногун ва тасмимҳои фаврӣ зарур ҳастанд», — афзуд ӯ.
Бояд гуфт, ки аз соли 2000 сар карда, давлатҳои Осиёи Марказӣ принсипҳои идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои обро ҳамчун равиши банақшагирӣ ва идоракунии миллии захираҳои об ҷорӣ карданд. Давлатҳо ба таъсиси шуроҳои ҳавзавӣ барои ҷалби ҷомеа ва ҷонибҳои манфиатдор ба идоракунии захираҳои об шуруъ кардаанд.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ба фаҳмиши равиш нисбат ба идоракунии ҳавзаҳо ва нақши шуроҳои ҳавзаӣ бирасанд, ки ин сабаби ислоҳоти муҳим дар минтақа гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»