Нимаи дуюми рӯзи 10 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми оби Африқо баргузор гардид.
Форуми мазкур аз ҷониби Комиссияи Иттиҳоди Африқо, Шӯрои вазирони захираҳои оби Африқо, Ҷумҳурии арабии Миср ва Ҷумҳурии Сенегал бо мақсади баррасии пешрафт дар татбиқи мавқеи умумии Африқо ва паёмадҳои калидии он паёмадҳои калидии он дар Конфронси оби СММ дар соли 2023 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 баргузор карда шуд. Форуми оби Африқо ба ҷонибҳои манфиатдор имкон фароҳам меорад, ки корҳои нотамомро муайян ва ҳамчунин мавзӯъҳои навро дар об ва беҳдошт дар Африқо таҳия намоянд.
Дар Форум ҳамзамон барои таҳияи Санади консептуалии оби Африқо барои пас аз соли 2025, ки ба эҳтиёҷоти воқеъии Африқо ҷавобгӯ буда, мусоидат мекунад муҳокима карда шуд.