Дар доираи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии парламентӣ оид ба КБАР 30 “Захираҳои об оид ба устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон баргузор шуд.
Дар чорабинӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо иштирок ва суханронӣ намуда, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти обу иқлим муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки баргузории Форуми мазкур дар густариши ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим заминаи устувор хоҳад гузошт. Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир офатҳои табиӣ дар минтақаҳое хисорот расонида истодааст, ки қаблан чунин набуд ва ин натиҷаи тағйирёбии босуръати иқлим дониста шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, дар баландии 3-7 ҳазор аз сатҳи баҳр қарор дорад. Қариб нисфи мамлакатро баландкуҳҳо ташкил медиҳанд ва аз лиҳоз кишварҳои осебпазир аз таъсири тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки дар парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ҷумла дар ин доира дар Тоҷикистон 34 қонун қабул гардидааст ва барои такмили қонунгузориҳои чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар робита ба ташаббуси Пешвои муаззами миллат доир ба эълон кардидани Рӯзи ҳифзи пиряхҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” қабул гардидааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушд таккони ҷиддӣ мебахшад.
Зимни баромад намояндагони парламетҳои давлатҳои иштирокдор умедворӣ карданд, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба сайёраи замин заминаи устувор хоҳад гузошт. Таъкид гардид, ки Форуми байналмилалии парламентӣ оид ба КБАР 30 “Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон” як қадами устувор дар ҳалли глобалии масъалаҳои об ва иқлим мегузорад.