Дар доираи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар меҳмонхонаи “Кангурт гранд-ҳотел” бо иштироки беш аз 100 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони соҳаи обу энергетика Форуми ташкилотҳои ҳавзавӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории Форуми минтақавии ташкилотҳои ҳавзавӣ пешбурди принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ ва рушди ҳамкориҳо байни намудҳо ва миқёсҳои гуногуни ташкилотҳои идоракунии ҳавза мебошад. Форум як платформаи нодири минтақавиро фароҳам меорад, ки дар он сохторҳои идоракунии ҳавзаҳо, шӯроҳо ва ташкилотҳои давлати метавонанд мубодилаи таҷриба ва дастачамона кадамҳо ва самтҳоро барои таҳкими идоракунии ҳавзаҳо дар минтақа муайян намоянд.