Форуми байналмилалии “Занон ва об” дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ-Занон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардид.
Форуми байналмилалии “Занон ва об” бо иштироки намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Точикистон, намояндагони Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносон дар соҳаи захираҳои об ва масъалаҳои баробарии гендерӣ, дар умум бо иштироки намояндагони 27 давлати дунё дар Кохи Наврӯз доир гардид.