Истиқболи иштирокдорони сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе идома дорад.
Нисфирузии санаи 9-уми июн вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон меҳмони олимақом Президенти Гуруҳи Бонкии Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассеро истиқбол намуданд. Ҳамзамон дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозириро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.Ташрифи дигар меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс идома дорад.