Аз 10 то 13 июни соли 2024 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони чорабинии байналмилалии сатҳи баланд — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи бештар намудан ба масъалаҳои марбут ба об ва саҳм гузоштан дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафҳои Рушди Устувори 6 –об ва беҳдошт мебошад, ки дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва беҳдоштро барои ҳама баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки натиҷаи конфронс дар талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об ва мусоидат барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми муассир гузорад. Конфронс, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи раванди оби Душанбе ташкил карда мешавад, платформаи беназир барои пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид- 2023 ва таҳияи уҳдадориҳои нав хоҳад буд, то мушкилоти глобалии обро ҳал намоянд.
Ҳадафи конфронс тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.
Дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои гуногун, ки соҳаҳои об, энергетика, тандурустӣ, озуқаворӣ, молия, иқлим, муҳити зист, саноат, илм, маорифро намояндагӣ мекунанд, иштирок менамоянд.
АКС: Котиботи конфронси Раванди оби Душанбе