Имрӯз дар доираи иштирок дар сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ноиби Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго вориди шаҳри Душанбе шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ пешвоз гирифта, мулоқот намуданд.