Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиноси Бонки Осиёии Рушд оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва авиатсия Брендан Соби ва ҳамоҳангсози Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) Нодира Одинаева мулоқот доир гардид, ки дар ҷараёни он ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа масоили равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардида, имконияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои минтақа муҳокима шуд.
Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат солҳои охир ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар сатҳи муносиб амалӣ шуда, бо мақсади беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид.
Ҷонибҳо баҳри тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳалли масъалаҳои мухталиф дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон