Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе доир мегардад, намоишгоҳи байналмилалии «Нигоҳи нав ба арзиши об» гузаронида мешавад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи намоишгоҳ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тадбирҳои андешида ва пешравиҳо дар самти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар соли 2023, аз ҷумла Рӯзномаи амал дар соҳаи об мебошад. Барои ноил шудан ба ин дар намоишгоҳ донишу таҷрибаҳои пешқадам ва дастовардҳои илмӣ дар соҳаи хоҷагии об намоиш дода мешаванд.
Инчунин намоишгоҳ ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор, ҷорӣ намудани роҳҳои иноватсионӣ, усулҳо, техника ва технологияҳои устувори идоракунии захираҳои об ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои кори густурда байни ҷонибҳои гуногуни манфиатдор равона шудааст.
Мавзуи умумии намоишгоҳ «Нигоҳи нав ба арзиши об» буда, он ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, пешгирӣ ва идоракунии офатҳои марбут ба об, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, рушди гидроэнергетика ҳамчун манбаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об тамаркуз менамояд.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, мақомоти миллӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намоянд.
Иштирокдорони конфронс имкон доранд бо намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе шинос шаванд, ки он минбари намоиши иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон мебошад.
Дар намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе молу хизматрасонӣ аз бахшҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд. Иштирокдорони намоишгоҳ метавонанд бо муосиртарин дастовардҳои корхонаҳои Тоҷикистон шинос шуда, инчунин бо шарикони эҳтимолӣ робитаҳои корӣ ба роҳ монанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи конфронс