5-6 июни соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 19-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар шароити муосир: муттаҳид намудани сайъу талошҳо баҳри амнияти умумӣ, субот ва шукуфоӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ.
Дар форум роҳбарони марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва узви муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин доираи васеи коршиносон иштирок намуда, вазъи дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон ва такмили фаъолияти Форуми Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок намуд.
Дар бахши аввали форум, ки ба мавзуи «Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай: татбиқи ҳамаҷонибаи имконияти истифоданашуда» бахшида шуда буд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода изҳор намуд, ки Форуми Созмони ҳамкории Шанхай аз замони таъсис дар соли 2006 давоми чанд соли охир тадриҷан ба платформаи муҳимми зеҳнӣ ва таҳлилӣ табдил ёфт. Ин имкон медиҳад, ки табодули афкор ва талошҳо баҳри таҳияи равишҳои муносиб барои дарк ва тафсири самтҳои имрӯзаи равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ фароҳам гардад.
Иброз гардид, ки имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай яке аз ниҳодҳои муайянкунандаи самтҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ буда, минтақаи васеъро аз Авруосиё то Ховари Миёна фаро гирифтааст.
Таъкид гардид, ки яке аз принсипҳои асосии ҳамкории ҷомеаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии якдигар мебошад, ки ба манфиати ҳамагон аст. Аз ин рӯ давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай метавонанд бо Тоҷикистон якҷоя кор карда, аз имконияти рушди саноати “сабз” истифода баранд.
Хайридин Усмонзода иброз намуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои ҳамкории амалӣ бо тамоми марказҳои таҳлилии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай омода аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон