Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Наҷиб Азмӣ Миқотӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзода мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистон ва Лубнон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон