Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Дар шаҳри Истаравшан ҷаласаи муштараки ситод оид ба таҷлили ҷашни 100-солагии академик Аҳрор Мухторов доир шуд.
Дар кори ҷаласа оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба омодагии ҳамаҷониба дидан ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани ин ҷашн, ки ба шинохти таърихи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Истаравшан, тарбияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои шахсиятҳои таърихӣ мусоидат менамояд, таклифҳои иштирокчиён пешниҳод гардид.
Тавре гуфта шуд, то ҷашни академик Аҳрор Мухторов оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ китоб ва мақолаю лавҳаҳои ҷолиб нашр карда мешаванд. Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ конференсияҳои илмӣ бо иштироки олимони варзидаи мамлакат доир карда шуда, осорхонаи устод мутобиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Инчунин тибқи қарори раиси шаҳр моҳи сентябри соли 2025 дар қаламрави шаҳри Истаравшан 165-солагии Зуфархон Ҷавҳарӣ таҷлил карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Зуфархон Ҷавҳарӣ соли 1860 дар шаҳри Уротеппа (Истаравшани имрӯза) дар оилаи шоирон Олӣ ва Назмӣ таваллуд шудааст. Ҷавҳарӣ яке аз бедилшиносони сонӣ маҳсуб шуда, ба эҷодиёташ устод Айнӣ, Ҳашмат ва Муҳтарам баҳои баланд додаанд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки мақбараи шоир бунёд, осораш нашр ва ашъори ӯ ба оҳанг дароварда мешавад. Инчунин байни толибилмон озмуни «Ҷавҳарихонӣ» ташкил ва ҷоизаи адабӣ низ таъсис дода мешавад.
Дар фарҷом оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан