Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо шаҳомати хосса баргузор гардид

Аз 20 то 23 май дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он  110 ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд.

20 май зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон нахуст меҳмонон намоишгоҳи наққошии рассомони тоҷик, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллиро тамошо карда, бо либосҳо ва таомҳои миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Баъди намоишҳо барномаи ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон, ки аз суруду оҳангҳои марғуби тоҷикона иборат буд, пешниҳод гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Одил Каримлӣ иброз дошт, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон барои ҳамаи дӯстдорони санъат воқеаи муҳим ва таърихӣ аст. Зеро баргузории рӯзҳои фарҳангӣ робитаи ду давлатро боз ҳам мустаҳкам мекунад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин рӯзҳо барои намояндагони ҳарду ҷониб таҷрибаи нав мешавад. Дар Тоҷикистон ба эҷодиёти шоири бузурги классик Низомии Ганҷавӣ эҳтироми хосса доранд ва осори ӯ ба барномаи таълимии мактабҳо дохил карда шудааст.

Бояд гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷа баргузор гардиданд. Ин имкон дод, ки мардуми ин кишвар бо таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ, анъана ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик шинос гарданд.