22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.