Дар Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад. Ин матлабро 21 май Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни мулоқот бо директори минтақавии Шурои Британия Андриан Чедвик, ки дар доираи Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024» дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ доир шуд, баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши пурраи забони англисӣ ва рушди касбӣ омӯзгорон дар асоси методикаҳои нав аз даври омӯзишии такмили ихтисос мегузаранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои  таълим ва омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисӣ ва дар оянда кушодани маркази супоридани имтиҳонҳои IELTS-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 директори минтақавии Шурои Британия Андриан Чедвик бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омада, лоиҳаҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ ва амал қарор медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 20 май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024», ки ҳамасола аз ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Лондон ташкил карда мешавад, иштирок намуд.