18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.
Таъкид гардид, ки Чин яке аз шарикони бузурги кишвари мо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зимни мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима гардид.
Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз” таъкид карда шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, табодули афкор доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, сурат гирифт.
Зимни баррасии масоили мубрами ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ + Чин” зоҳир гардид. Ҳамчунин аҳаммияти идомаи ҳамкории минбаъда ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои глобалии ҳамдигарӣ таъкид гардид.