19 май, соати 07:30 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, кормандони вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида мешавад.
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»