Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва маконҳои ҷолибу зебои пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе»-ро эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Агар шумо хоҳиши дар ин озмун иштирок кардан доред, пас ба саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук: Dushanbe-travel; Инстаграм: dushanbe.travel; Телеграмм: Dushanbe.travel обуна шавед ва маълумоти бештар дастрас намоед.

Иштирокчиёни озмун барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби — 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ мешаванд.

Муҳлати охири қабули аксҳо то 10 июни соли 2024 мебошад.