Дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар маҷрои рӯдхонаи «Шоҳдара» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раванди созандагӣ дар ду баст- шабона ва рӯзона бомаром идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар неругоҳ 120 муҳандису сохтмончии ватаниву хориҷӣ фаъолият дошта, то имрӯз фоизи зиёди корҳои арматурбофию бетонхобонӣ ва васлу насби қолабҳо дар пойдевори толори агрегатҳо бо риояи маъёрҳои сохтмонӣ тадбиқ гардидааст. Ин лоиҳаи гидроэнергетикӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии бо суръати вилоят мусоидат менамояд.
Барои шиносоӣ бо раванди сохтмон ва ҳалли мушкилоти бинокорон роҳбарияти вилоят бо бинои асосии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуда, ба масъулин дар самти суръат бахшидани корҳои бунёдӣ тавсияҳои судманд доданд.
Гуфта шуд, ки корҳо дар ин тарҳи азим дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқшудаи ширкати бунёдкунанда пеш мераванд.
Корҳои бунёдӣ ба зиммаи сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикгидроэлнктромантаж» гузошта шудаанд.
Ҳамзамон дар ҳузури роҳбарияти вилоят ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа маросими иваз намудани маҷрои дарёи «Шоҳдара» ба сарбанди асосии неругоҳ амалӣ шуд.
Роҳбарияти вилоят ба масъулин дастур доданд, ки баъд аз иҷрои пурраи корҳои соҳилбандӣ диққати асосиро ба сифати кор равона намоянд.
Дар сарбанди неругоҳ то имрӯз 2 миллион евро маблағ аз худ шуда, корҳо тибқи талабот анҷом меёбанд. Корҳои сохтмонӣ дар ду баст аз тарафи муҳандисону сохтмончиён идома ёфта, 50 техникаи пуриқтидори замонавӣ дар ин самт ба кор машғул мебошанд.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтан имкон дорад 11 МВт неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол намояд. Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 метр ва дарозии 65 метр қомат афрохта, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон