Олимон яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлимро дар сайёра ба хориҷшавии газҳои гулхонаӣ нисбат медиҳанд, зеро аз оғози асри гузашта то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази диоксиди карбон (СО2) дар атмосфера беш аз 31 фоиз баланд гаштааст, ки ин ҷомеаи ҷаҳонро нигарон менамояд.
Бори нахуст масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ дар Рио де Жанейро баррасӣ шуд
15 май дар тақвим Рӯзи ҷаҳонии иқлим сабт гардидааст. Бори нахуст масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардид ва беш аз 180 давлати ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо намуданд. Имрӯз дар сайёра раванди тағйирёбии иқлим баръало мушоҳида гардида, сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфӣ мерасонад.
Тағйирёбии иқлим сайёраро ба ташвиш овардааст
Тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои он аст. Тағйирёбии иқлим феълан ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.
Тоҷикистон дар таъмини рушди энергияи «сабз» ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ пешсаф аст
Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози партови ками газҳои гулхонаӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Новобаста аз он ки Тоҷикистон дар самти таъмини рушди энергияи «сабз» ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф аст, аз лиҳози устуворӣ ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини оби полезию ошомиданӣ бисёр осебпазир аст. Бо дарки ин нукта Ҳукумати мамлакат ба масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муносибати ҷиддӣ намуда, ҳамкориро дар ин раванд бо ниҳодҳои байналмилалии молиявию экологӣ пайваста тақвият медиҳад.
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим
Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим бозгӯи мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра, хусусан тағйирёбии иқлим мебошад. Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҳушдор додаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин сухан намуда, таъкид доштанд, ки «имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон аз мо муносибати дастҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд».
Хисороти зиёди офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр маврид талафоти ҷонӣ низ ба бор меоранд. Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Дар 30 соли охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он нобуд шудааст.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои обии минтақа таъсири ҷиддии манфӣ расонад.
Аз ҷониби СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор дар соҳаи обу иқлим заминаи муносиб фароҳам меорад. Барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ мегардад. Бо назардошти аҳамияти миллӣ ва минтақавии омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.
Қатъномаи Париж- заминаи устувори ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим
Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буда, Қатъномаи Париж доир ба иқлим, ки соли 2015 дар Конфронси 21-уми тарафдорони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо иштироки сарони давлатҳо қабул гардид, аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд. Он барои иқдоми муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим заминаи устувор гузошт. Қабули ин санад дар самти ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим қадами муҳим арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон Барномаи «Мамлакати сабз»-ро қабул намуд
Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли Қатъномаи Париж буда, Барномаи «Мамлакати сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намуд. Дар қатънома омадааст, ки тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст. Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад, то ба давлатҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад.
Ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Мамлакати сабз» дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти “сабз”, таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад. Барнома дар ду давра амалӣ мегардад. Дар давраи аввал- солҳои 2023-2025 дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту бутта шинонда мешавад, ки ин тадбир дар самти ҳифзи муҳити зист, ҷилавгирӣ аз таъсири офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи равандҳои тағйирёбии иқлим зуҳур менамоянд ва дар маҷмуъ ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Тағйирёбии иқлим ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
Тағйирёбии иқлим солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ ва глобалӣ арзёбӣ гардида, оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии он ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои ҷиддӣ водор менамояд, то ба ҳалли он дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории устувор мусоидат намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз