Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи табиӣ ва аҳолии ҷавон дар остонаи дигаргуниҳои назаррас қарор дорад. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар Форуми 9-уми бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор оид ба илм, технология ва инноватсия барои Ҳазорсолаи Рушди Устувор (STI), ки дар шаҳри Ню- Йорк баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва технологияро дар ҳалли мушкилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, камбизоатӣ, тандурустӣ ва маориф муҳим арзёбӣ менамояд. Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки ин аввалин таҷриба дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконияти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон