150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид

150 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуда, то 18 май идома мекунад, ба алоқамандони мутолиа манзур гардидаанд. Ин намоишгоҳ беҳтарин фурсатро барои ҳамкорӣ бо адибону ноширони ин давлат фароҳам меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иттилоъ дод.

Намоишгоҳ аз рӯи масоҳати майдон, теъдоди давлатҳои иштироккунанда, шумораи ноширони дохилию хориҷӣ ва теъдоду унвони китобҳои пешниҳодшуда дар минтақа беназир аст.

«Таваҷҷуҳи китобдӯстони эронӣ ба ғурфаи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Бисёриҳо вақти зиёдашонро ба тамошои ғурфаи китоби мамлакати мо сарф менамоянд ва оид ба давлати ҳамзабону ҳамфарҳангашон суоли зиёд дода, посух мегиранд. Нафарони зиёде шодиашонро аз иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва тақдими шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат иброз намуда, ба хотири арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги ориёӣ ба Сарвари давлати мо дуруд мефиристанд»,-изҳор намуд Раҳмоналӣ Шералиев.

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар Теҳрон ва Душанбе яке аз арсаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанги ду давлати дӯст: Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мешавад.