Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва тараққӣ бахшидани ин соҳаи басе муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Мавзеи таърихии овозадори «Ҳавзи Қайнар», ки дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҷойгир аст, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони маҳаллӣ ба яке аз маконҳои хуби сайёҳӣ ва тамошобоби ноҳия табдил гардидааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин мавзеи таърихию сайёҳии мамлакат аз наздик шинос гардид, ки гузориши фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Ин манзараи зебо, ки дар дохилаш кӯли зебои пур аз оби мусаффо мавҷуд буда, атрофаш бо дарахтони сарсабзу хуррам ва гулҳои рангоранги зебо оро дода шудааст, ба ҳусни мавзеъ зебогию таровати дигар бахшидааст. Тибқи ривоёти сарчашмаҳо, мавзеи кӯли Қайнар таърихи бою рангини ҳазорсола дорад.
Дарвоқеъ, ин макон дар гузашта як ҷойи нообод буд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ҳоло он ба гӯшаи диданӣ ва ҷойи ободу зебо табдил гаштааст. Мардуми деҳа шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд, ки ин гӯшаи ноободеро, ки аз маркази ноҳияи Восеъ даҳҳо километр дур ҷойгир мебошад, дар кӯтоҳтарин муддат ба мавзеи зебою диданӣ табдил додаанд. Мардуми деҳа онро Нозкӯл низ меноманд. Ин мавзеи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ пурра навсозӣ гардида, 4 октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳоло ин мавзеъ ҷойи тамошобоби сокинону сайёҳон гардидааст. Тибқи маълумот, дар ҳудуди он беш аз 95 ҳазор дона гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, 16 нишастгоҳи замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинону сайёҳон насб гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл дар ҷумҳурӣ деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ғолиби номинаи «Деҳаи беҳтарин» дониста шуд, ки арзанда аст. Инчунин гулгашти кӯли «Қайнар» дар Фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар вилояти Хатлон соли 2023 дар номинаи «Гулгашт ва хиёбон» сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Мардуми деҳа ривоёти зиёдеро оид ба пайдоиш ва муъҷизаҳои он қисса мекунанд. Гӯё дар дохили кӯл аспи азимҷуссае, ки дар зебогӣ назир надорад, ба сар мебарад. Ҳоло дар шафати кӯл мақбара (сағона) ҷойгир мебошад, ки ба асрҳои ду ва яки пеш аз мелод тааллуқ дорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, маркази ҳокимони Хатлон дар давраи то исломӣ ҳудуди имрӯзаи Қайнар будааст. Онро Сардиж (шакли имрӯзааш «Сартез») унвон карда буданд.
Яке аз сабабҳои дигари Қайнар ном гирифтани кӯлро сокинон ба фаввора зада баромадани чашмаҳои дохили он, ки аз қаъри замин мебароянд, рабт медиҳанд.
Тавре дида мешавад, кӯл аз ҳисоби чашмаҳои дохилаш пур аз оби соф мебошад. Сокинони деҳа ин маконро ҷойи таърихию муқаддас шуморида, шомгоҳон дар ин мавзеъ бо аҳли хонавода сайру гашт намуда, истироҳат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»