Тавре қаблан иттилоъ додем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.
Ин иқдом ба он вобаста аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Инак, аз ин силсила мақолае оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ пешниҳоди хонандагони арҷманд гардонида мешавад.
— Халқи тоҷик дар муддати зиндагии бисёрҳазорсолааш бузургоне аз фармонравоён, шоирону ҳакимон, донишмандону ҳунармандон ва сардорону ҷанговарон дар домони худ парварида, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихор дар ҷаҳон мебошанд. Аз он байн яке аз бузургтарин ва номдортаринашон ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мебошад. Таъсири шахсият ва сухани Фирдавсӣ дар таҷрибаи эҷодии ҳамаи суханварони қадим ва муосири тоҷику форс ва бисёре аз адибони бузурги ҷаҳон ба таври барҷаста ошкор аст.
Дар адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ яке аз шоироне мебошад, ки ба мизони зиёд аз шахсияти таърихиву адабӣ ва осори Фирдавсӣ баҳра бурдааст.
Ҳамин тавр, мо ягон шоири тоҷикзабонро намебинем, ки таҳти таъсири “Шоҳнома” қарор нагирифта бошад ва ишороте аз Фирдавсӣ ва талмеҳоте ба “Шоҳнома” накарда бошад. Ин таъсиргузорӣ адибони муосирро низ дар канор намондааст ва онҳо бо ишқу самимият ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” руҷуъ кардаанд. Устод Лоиқ Шералӣ беҳтарин ва шевотарин ашъорро дар мавриди “Шоҳнома” ва шахсияти Фирдавсӣ сурудааст.
Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ дар бисёре аз ашъор аз мазмун ва достонҳои “Шоҳнома” истифодаҳо кардааст ва дар қолаби ин достонҳо бо мазмунҳои имрӯзӣ шеър эҷод намудааст.
Устод Лоиқ дар ин силсилашеърҳо мавзуъро аз “Шоҳнома” гирифта ва дар вазну қолабе, ғайр аз қолабу вазни “Шоҳнома” ба бозофаринӣ пардохтааст. “Таъсири Лоиқ як асарпазирии огоҳона ва интихобгарона аст. Лоиқ дар шеъри “Писари ҳаждаҳуми Кова” зимни ишора ба достони “Коваи Оҳангар” ва Заҳҳоки мордӯш таъкид мекунад, ки зулму интиқом ва адлу дод аз ибтидои пайдоиши оламу одам то ба абад идома ёфта, ҳар ҷое, ки ситам ва беадолатӣ буруз мекунад, бемуҳобо Ковае ба хотири дифои адл қиём хоҳад кард ва алайҳи бедодгарӣ бармехезад. Мазмуни шеъри “Писари ҳаждаҳуми Кова” дар “Шоҳнома” чунин аст.
Ҳангоме, ки бедодгарӣ ва ҷабру зулми Заҳҳок ба авҷи худ расид ва охирин писар аз ҳаждаҳ писари Коваро бурданд, то аз мағзи сари ӯ туъмаи морони Заҳҳокро фароҳам кунанд, оҳангари исфаҳонӣ парешону пархошкунон ба даргоҳи Заҳҳок омад ва фарёд бароварду дод хост. Дар ин ҳангом Заҳҳок бешармона гурӯҳе аз бузургонро гирд оварда буд, то додгарии ӯро дар мазҳаре гувоҳӣ кунанд. Кова бар Заҳҳок ва сарони ӯ хурӯшид ва мазҳарро, ки барои гувоҳӣ бар ӯ арза шуда буд, аз ҳам дарид ва хурӯшон пешбанди чарминашро бар сари найза кард ва халқро ба ёрӣ хонд. Он гоҳ бо мардум назди Фаридун рӯй ниҳод ва ӯро ба подшоҳӣ бардошт. Фаридун ин чармро ба фоли нек гирифт ва онро ба дебои рум ва гавҳарҳои зебо биёрост ва онро «Дирафши Ковиён” хонд. Ин чармпораи Кова нишонаи қудрат ва шукуҳи мардуми мазлуму тиҳидасте аст, ки бо ҳиммати худ ба ҳукумати зулм поён медиҳанд.
Коваи досгару чаккушсоз
Оҳанеро пайи қатле нагудохт.
Лек то ҳаст ниҳеби Заҳҳок,
Ханҷару гурзи гарон хоҳад сохт.
Шеъри дигари ин силсила “Руҳи Рахш” мебошад, ки дар он ба тасвири Рахш, аспи Рустами Дастон, ки ҳамвора бо ӯ буд ва ҳатто дар вопасин лаҳза ӯро ҳамроҳӣ мекард, мепардозад ва таъкид мекунад, ки руҳи ин аспи беназир ба монанди соҳибаш- яли ҷаҳонпаҳлавон Рустам дар замину замонҳо ҳузур дорад ва ҳатто дар рангинкамони осмон, ки онро “камони Рустам” низ меноманд, мавҷ мезанад.
Шоир бар ин ақида аст, ки Рахш намоди мондагорӣ ва ҷовидонагӣ аст ва танҳо ӯ қодир буд, ки бори Рустамро кашад.
Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон –
Аз Сиистон то Куҳистон,
Аз Хуросон то Бадахшон,
Аз фазои лоҷварди мулки Ховар
То фазои нилфоми Бохтар,
Ёлҳояш ғарқи нури субҳгоҳӣ,
Чашмҳояш чашмаи нури илоҳӣ,
Мепарад руҳе дурахшон
Ҳамчу руҳи поки Эрон…
Рахш яке аз муҳимтарин намодҳои ҳамосӣ ва устураи эронӣ аст, ки номи ӯ ёдовари ҷавҳари ҳамоса аст.
Ҳангоме ки Рустам Рахшро дид аз пайи модари худ меомад, аз чӯпони пир пурсид, ки ин курраи асп ба кӣ мутааллиқ аст? Чӯпон ҷавоб дод:
Худованди инро надонем кас,
Ҳаме Рахши Рустам-ш хонему бас…
Рустам баҳои Рахшро аз чӯпон пурсид ва чӯпон чунин посух дод:
Чунин дод посух, ки гар Рустамӣ,
Бирав рост кун рӯйи Эронзамӣ.
Мар инро бару буми Эрон баҳост,
Бар ин-бар ту хоҳӣ ҷаҳон кард рост…
Дар ин чанд байт ба равшанӣ пайдост, ки Рахш аз барои Рустам халқ шудааст. Дар “Хони аввал”, вақте ки Рустам дар хоб буд, шер ҳамла кард ва Рахш бо ӯ ба ҷанг шуд ва ӯро кушт. Рустам пас аз дидани ҷасади шер ба Рахш чунин гуфт:
Чунин гуфт бо Рахш, к-эй ҳушёр,
Ки гуфтат, ки бо шер кун корзор.
Агар ту шудӣ кушта бар дасти ӯй,
Ман ин бабру ин миғфари ҷангҷӯй.
Чи гуна кашидам ба Мозандарон,
Каманду камон теғу гурзи гарон…
Ин байтҳо далели он аст, ки Рахш суханони Рустамро дарк мекардааст. Дар инҷо Рахш вазифаи раҳнамо ва ёрирасонро ба анҷом мерасонад. Дар “Хони сеюм” Рахш се маротиба кӯшиш мекунад, то Рустамро аз хоб бедор кунад ва аз ҳамлаи аждаҳо хабар диҳад, саранҷом, вақте Рустам бедор мешавад ва бо аждаҳо меҷангад, Рахш ба ёрии Рустам пӯсти аждаҳоро медарад ва китфҳои ӯро ба дандон меканад. Дар ин ҷо Рахш бо рафтори инсонӣ он қадар исрор ва пофишорӣ мекунад, то Рустам бархезад ва ба ӯ кумак кунад, то пирӯз шавад. Онҳо бо ҳам ҷароҳат мебардоранд, бо ҳам ба як марҳам сиҳат мешаванд ва Симурғ ба ҳарду як нигоҳ дорад. Дар охир ҳангоме, ки Шағоди фиребкор кандани чоҳеро барои куштани Рустам ва Рахш фармуда буд, вақте Рахш ба наздики чоҳ мерасад, хатарро ҳис мекунад:
Ҳаме ҷасту тарсон шуд аз бӯйи хок,
Заминро ба наълаш ҳаме кард чок…
Аммо Рустам хашмгин шуд ва Рахшро ба пеш рафтан маҷбур кард ва бар ӯ тозиёна зад. Рахш аз дарди сахти тозиёнаи Рустам ба пеш ҷаст, вале ҳамроҳи Таҳамтан дар чоҳи Шағоди бадкирдор сарозер рафт.
Ин эҳсос ва дарки шоир аз паёми Фирдавсӣ дар шеъри “Ғурури Рустам” боло мегирад ва ғурури Рустамро зебандаи ӯ медонад, ки донои Тус ба ӯ бахшидааст. Рустам бо ин ки паҳлавони номдор буд, ҳаргиз ғурури бемаъниву холӣ ва сабуке надошт, балки ӯ неруи худро аз Яздон медонист ва ҳаргиз аз он суиистифода намекард ва он зӯру тавонро бар зулму бедодгарӣ ва ҳадафҳои бад ба кор намебурд, балки бештар дар пайи барқарории адолат ва дифоъ аз ному нанги меҳан талош мекард ва аз кибру бадхоҳӣ дур буд.
“Рустам дар “Шоҳнома” аз ҳамаи шоҳон бартар аст ва бо тасвире, ки Фирдавсӣ бар пояи рафтору кирдораш аз ӯ офаридааст, ин ҳаққи ӯст. Паҳлавоне аст бо сиришти волои инсонӣ. Дар ҳамаи давраҳои паҳлавонӣ, дар рӯзҳои хатар умеди эрониён ва пушту паноҳи онҳо ва рукни бузурги дифоъ аз Эрон аст. Ӯ вазифаи ҷаҳонпаҳлавониро дуруст эҳсос мекунад. Арзиши шахсияташро хуб мешиносад. Дар баробари сабуксариҳои Ковус мардона пойдорӣ мекунад ва мегӯяд: — “Чу хашм оварам, шоҳ Ковус кист?”. “Синаи Судоба – зани шоҳро ба интиқоми хуни Сиёвуш бо ханҷар ба ду ним мекунад. Дар баробари Гуштосб ҳам бо озодагиву гарданфарозӣ меистад ва тан ба банду хорӣ намедиҳад”.
Рустам, ба қавли устод Лоиқ, дар умри бошарофати худ танҳо як бор шикаст хӯрда ва он ҳам замоне буд, ки ба хотири фарзандаш, ки аз ноогоҳӣ паҳлуяшро дарида буд, дасти эҳтиёҷ ба Ковус дароз мекунад, аммо ин шоҳи носипос талаби ӯро рад мекунад ва Рустам ба ин натиҷа мерасад, ки ӯро на ин ки мард, балки номард мекушад:
Ман гардани адовати шайтон шикастаам.
Ман муҳраи сиёсати шоҳон шикастаам.
Бо гурзи тобдори худ фирӯз будаам,
Бо мушти обдори худ сандон шикастаам.
Бо руҳи бешикасти худ дар дашти разму кин
Ковусро зи чанги асорат раҳондаам.
Ӯ худ касе набуд, ки бошад сазои тахт,
Аммо манаш ба маснади Эрон нишондаам…
Рустам дар ҳақиқат чандин бор Ковусро аз марг наҷот медиҳад. Ҳангоме ки Ковус ба ҷанги шоҳи Ҳомоварон меравад, аз ин шоҳ шикаст мехӯрад ва дастгиру зиндонӣ мешавад. Рустам ӯро аз ин зиндон берун меоварад ва боз ба тахти Эрон мешинонад. Аммо пас аз ҷанги Рустам бо Суҳроб ва моҷарои Сиёвуш ба гунае ҷудоӣ ва бадбинӣ байни Рустаму Ковус пайдо мешавад.
“Навҳаи Таҳмина бар Суҳроб” низ яке аз шеърҳои ин силсила мебошад, ки ба гунаи марсия суруда шудааст.
Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду ғам ду нимаам.
Дар ҳасрати Суҳроби ял
Дурҷи ғамон шуд синаам…
Марг сарнавишти азалии ҳар одамизод аст ва аз он ҷойи гурез нест, аммо ҷудоии абадӣ аз азизони рафта барои бозмондагон сангинтарини ғам аст. Дар “Шоҳнома” сӯгномаҳои касоне, чун Эраҷ, Суҳроб, Сиёвуш, Исфандиёр, Рустам ва дигарҳо, ки ҳакими нозукбаён ба онҳо меҳр меварзид, аз латифтарину сӯзноктарин сӯгномаҳо дар забони форсӣ ҳастанд.
Таҳмина чун хабари марги Суҳробро мешунавад, бонгу ғиреву хурӯш бароварда, пироҳани худро медарад ва мӯйи сари худро канда, бо дандонаш гӯшти бозувонашро пора-пора мекунад ва ба навҳа мепардозад:
Ҳаме гуфт: эй ҷони модар кунун,
Куҷоӣ сиришта ба хоку ба хун?
Чи донистам эй пур, к-ояд хабар,
Ки Рустам ба ханҷар даридат ҷигар.
Дареғаш наёмад бар он рӯйи ту,
Бар он бурзу болову он мӯйи ту…
Навҳаи модаронаи Таҳмина ва сӯгвории ӯ дар достонҳои форсиву тоҷикӣ бемонанд аст. Сару рӯйи асби Суҳробро мебӯсад, ҷомаву аслиҳаи ӯро дар бар мегирад ва мегиряду менолад. Таҳмина пас аз марги Суҳроб рӯзу шабҳо ба навҳаву сӯгворӣ машғул буд ва саранҷом аз ғаму ранҷ пас аз соле равонаш бо Суҳроб пайваст.
Суҳроби ман – меҳроби ман,
Хуршеди ман, маҳтоби ман.
Дар ин ҷаҳони бекасӣ
Яктои ман, ноёби ман,
Дар дашти кин саргашта шуд,
Дар хоку хун оғушта шуд,
Аз меҳри Рустам зода шуд,
В-аз қаҳри Рустам кушта шуд.
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ,
Аз ҷавшани ҷонам гузашт…
Лоиқ, бешубҳа, аз шоирони забардасте аст, ки тавонистааст бо афкор ва ҳунари эҷодияш ба тасвирпардозиву мазмунсозӣ ва образофаринӣ дар заминаи “Шоҳнома” бипардозад ва мавзуъҳоеро, ки ба асри нав созгор ҳастанд, дар қолабҳои образҳои кӯҳна бо дигар тарз ва баёни нав ироа кунад.
Шеъри Лоиқ, ҳам оне, ки дар қолабҳои замонӣ ва ҳам оне, ки дар қолабҳои суннатӣ эҷод шудааст, дар маҷмуъ суруди Инсони садаи бист мебошад. Инсоне, ки шоҳиди гардишҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамдаврони ҳамсолони паровари хеш, инсони замони кашфи кайҳон, замони расидани пои фарзанди одам ба рӯйи Моҳ, замони рӯйи ниёз овардани инсоният ба олами асғар – ҷаҳони инсон, ба арзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳиву хештаншиносӣ буд.
Лоиқ Шералӣ дар шеъри “Гиряи Кова бар ҳабдаҳ писараш” бори дигар ин фоҷиаро мавриди ҷустуҷӯ ва ковиш қарор медиҳад ва бо радифи “мегиряд”, аз ин зулму бедоди Заҳҳок ва андешаҳои аҳримании ӯ навҳа бар фалак сар медиҳад ва ин фоҷиаро дарди кулли башар медонад ва ёдовари ин нукта аст, ки дар ҳар давру замоне аҳримансириштон ва душманони башар дар пайи нобудии инсон ва мағзҳо баромадаанд ва ҳатто замину осмон дар ин мусибат гирён аст:
Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.
Замин – бечора медонам, фалак бечоратар аз ӯ,
Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.
Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,
Хаёлам бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд…
Дар шеъри “Писари ҳаждаҳуми Кова” Лоиқ Шералӣ Фирдавсӣ ва қаҳрамонони ӯро дар ҳар замоне зинда медонад ва дар набарди кунунии инсоният бар зидди ҳама гуна зиштию бадӣ ёвар ва мададгор мешуморад. Ба назари шоир Кова имрӯз ҳам зидди ҷанг ва баҳри сулҳу осоиш мубориза мебарад. Шоир абнои башарро писари ҳаждаҳуми Кова медонад ва дар ин шеър Кова, Заҳҳок ва писари ҳаждаҳуми Кова ба образҳои ҷамъбасткунандаи қарни бист табдил ёфтаанд:
Монда дар таҳлукаи биму бало,
Меравад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр.
Мезанад бар даҳани ҳар Заҳҳок,
Мекашад кини ҳама мардуми даҳр.
Меравад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр,
То ҳама сулҳу сафоҷӯ бошанд,
Ҳама абнои башар пиндорӣ,
Писари ҳаждаҳуми ӯ бошанд…
Дар шеъри “ Пуштибонӣ” бар асоси тасвири Фирдавсӣ Рустам диловари шикастнопазир аст. Лоиқ Шералӣ низ Рустамро паҳлавон ва қаҳрамони ҷовидонаи корзорҳо медонад, ки ба ҷуз Фирдавсӣ –офарандаи ин симои ягона ва қаҳрамони шикастнопазир ҳеҷ касе ҳамнабард ва ҳамтои ӯ нест. Ба қавли мардум аз забони Фирдавсӣ – “Манаш кардаам Рустами Достон” ва Лоиқ бар ин ақида аст, ки танҳо шоирон бошууртарин афроди ҳар давру замон ва соҳибони қаламу андешаанд, ки қодир ба халқи чунин қаҳрамонон ҳастанд ва дар воқеъ мақсади шоир аз навиштани ин шеър, ки “Пуштибонӣ” номи он аст, ба навъе фаҳмондани ин фикри муҳим аст, ки неруи қалам ва офарандагии шоирон ба маротиб зиёд ва қавитар аз шамшер ва камон аст ва руҳи неруманди шоир аст, ки қаҳрамонро месозад ва меофарад ва ба ҷомеа пешкаш мекунад. Баъдан он қаҳрамон ба шахсияти ормонии мардум табдил мешавад ва шоир аст, ки бо неруи калом ва андеша ӯро вориди таърих мекунад ва ба навъе аз коҳ кӯҳ месозад:
Хомаи Фирдавсӣ то бошад мададгор,
Пуштибонӣ то кунад бо сеҳри неруи сухан
Ҳеҷ кас бо Рустами Дастони ӯ
Ҳеҷ гаҳ пирӯз натвонад шудан.
Аксари шеърҳои ин силсила ба завқи мардум ҷавобгӯй мебошанд, зеро дар ин шеърҳо тақдири халқ, роҳи таърихӣ ва рӯзгори фарзандони фарзонаи он дар мадди аввали андешаҳои шоир қарор мегиранд.
Дар шеърҳои “Навҳаи Таҳмина бар Суҳроб” “Гиряи Кова ба ҳабдаҳ писараш” “Арвоҳи домангир” чунин ба назар мерасад, ки навҳаи ҷонгудози Кова ва Таҳмина дар марги фарзандон аз нолаи волидайни шаҳидфарзанди имрӯзи тоҷик сар мезанад ва арвоҳи домангири Суҳроб аз ин сиёсатҳо ва хунрезиҳое, ки кинаву адоватро ба бор овардаанд, норизо ва аз қувваи бозуи худ, ки қурбони ин макру фиребҳо гардида буд, пушаймон ва хостгори сулҳу додгустарӣ мебошад.
Дар силсилаи “Илҳом аз “Шоҳнома”- и Лоиқ чеҳраи Фирдавсӣ хеле намоён аст. Лоиқ дар шеърҳои “Пуштибонӣ”, “Фирдавсӣ ва Темур” бо сипосгузорӣ ва ифтихор аз ин ҳакими донишманд ёд мекунад.
Дар шеъри “Васияти Фирдавсӣ” Лоиқ Шералӣ бо ишқ ва алоқаи фаровон ҳадафу ормон ва муроди Фирдавсиро аз таълифи асари ҷовидонаи хеш ба қалам медиҳад ва таъкид мекунад, ки Фирдавсӣ, барҳақ, тухми суханро ба он хотир кишт кард, ки одамиро одамият биомӯзад ва ӯро монанди меъморе медонад, ки бо офаридани кохи бегазанди сухани порсии дарӣ хидмати бузург дар таърихи Хуросони бузург анҷом дод, ки каломи ӯ бе ягон тамаъ ва орӣ аз ҳар гуна олоиш ва манфиатҷӯӣ буд ва барои гӯяндаи он номи абадӣ ба бор овард, ки бартар аз ҳама гуна хостаҳои дунё аст.
Шеъри “Корези Фирдавсӣ”, ки охирин шеъри ин силсила аст, баргирифта аз ривоятест, ки шоир мехост бо навиштани “Шоҳнома” аз Султон Маҳмуд маблағе ба даст биорад ва онро барои кандани корез ва обёрӣ кардани деҳааш сарф кунад, лекин ин орзуи ӯ амалӣ нашуд, чунки Султон Маҳмуд “Шоҳнома”–ро қадр накард.
Лоиқ бар ин ақида аст, ки агарчанд орзуи шоир амалӣ нашуд, лек корезе, ки шоир бо сухан канд ва бунёд ниҳод, ҳамеша аз оби рӯйи ӯ пур аст ва ҷовидонаҳо барои нафъи башар ҷорист ва то ҷаҳон боқист, то фарҳанге дар ҷаҳон бо номи фарҳанги форсии тоҷикӣ мавҷуд аст, “Шоҳнома” ва нигорандаи он, ки тамоми ишқ ва муҳаббати сӯзони худро ба ин сарзамин сарф карда буд, ҷовидон хоҳад монд. “Фирдавсӣ “Шоҳнома”- и худро бо хуни дил навишт ва ба ин қимат харидори муҳаббату эҳтироми миллати Эрон нисбат ба худ гардид.
Орзуи шоир андар дил бимурд,
Об н-омад ҳеҷ андар ҷӯйи ӯ.
Лек корезе, ки андар назм канд,
Пур бувад ҷовид з-оби рӯйи ӯ.
Оре, корезе, ки андар назм канд,
Ҷовидон ҷорист бар нафъи башар.
Лек дар ӯ об не, хуни дил аст,
Лек дар ӯ об не, хуни ҷигар…
Таъсири “Шоҳнома” ва нигорандаи он Фирдавсӣ дар ҳар асру замоне, чӣ аз назари ахлоқӣ ва чӣ аз назари шинохт ва ҳувияти миллӣ бар ҳар шоире, ки пас аз Фирдавсӣ по ба арсаи адабиёт ниҳодааст, ба равшанӣ мушоҳида шудааст. Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”–и худ мафҳуми Хуросони бузургро мушаххас кард ва дар дили ҳаммиллатонаш эҳсоси ориёӣ буданро барангехт ва вақте мегӯяд “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”, арзиши кору рисолаташро дуруст дарёфтаву баён кардааст ва фарҳангу забони миллати Хуросони бузургро, ки хатари аз байн рафтани он буд, бо “Шоҳнома”-и худ аз чанги маргу нестӣ раҳонида, онро ба нуқтаи авҷи шаҳоматаш расонд.
Мо ҳангоми мурур кардани силсилаи “Илҳом аз “Шоҳнома”–и Лоиқ ба сароҳат дармеёбем, ки шоир беш аз дигар шоирон таҳти таъсири “Шоҳнома” ва нигорандаи он, ки тавонистаанд таваҷҷуҳи Лоиқро ба гузаштаи пурифтихори худ пайванд ва робитае мустақим бидиҳанд, қарор гирифтааст. Лоиқ образҳои ҷовидонии “Шоҳнома” –ро ба гунае ба образҳо ва мазмунҳои даврони худ мутобиқ гардонидааст, ки ин қаҳрамонон гӯё, ки ҳамроҳи халқу миллат дар ин замона зиндагӣ доранд ва дар ин қолаб ба тасвирпардозӣ ва навоварӣ пардохтааст, ки қаҳрамонони он ҳамеша ҳангоме, ки кину адоват ба авҷ мерасад, дар маърази нобуд кардани ин зулму бедод талош мекунанд ва ҳамеша пирӯз аз майдон бозмегарданд.
Дар эҷодиёти ин силсила Лоиқ кӯшидааст, то шинохти қадри инсонро дар маърази таваҷҷуҳ қарор бидиҳад ва ба гунае гӯшзад карданист, ки инсон бояд ба асолати худ, ки орӣ аз хӯи ғуломӣ аст ва инсонро ба дараҷаи ҳайвонӣ ва сарафкандагӣ мерасонад, дурӣ ҷуста, ба поктинативу догустарӣ ва шуҷоат, ки мояи зиндагонии ҷовидонӣ аст, рӯй биорад. Шеъри “Писари ҳаждаҳуми Кова” намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо аст. Дар ин силсила қаҳрамонони лирикии Лоиқ – Кова, Рустам, Таҳмина, Суҳроб баҳри адолату ростӣ ва озодӣ мубориза мебаранд.
Хулосаи калом, аз мутолиаи ин силсила ба натиҷае расидем, ки назари Лоиқ ба зиндагӣ таҳлилӣ буда, дар шеъраш қавӣ мегардад ва мулоҳизаву муҳокимаҳояш ақлӣ мебошанд. Лоиқ ба шарофати қобилияти фитрии худодод ва ҳунари волои шоирияш ин падидаҳои гуногуни адабиро тавре омезиш додааст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан сахт душвор мебошад, балки гоҳе номумкин ҳам ҳаст. Шоири тоҷик тавонистааст, ки ҳамаи он падидаҳои адабиро, ба истилоҳ, аз ҳаллоҷии шоирияш гузаронад ва миёни онҳо синтез ба вуҷуд биёрад. Ин чиз ба ҳар фард муяссар намешавад.
Шинохти шеъри Лоиқ ва шахсияти эҷодии ӯ гарави равнақи ояндаи адабиёт, забон, фарҳанг ва омили муассири таҳкими ваҳдати миллат ва пойдории истиқлолияти мамлакат мебошад.
Аҳтам СУЛАЙМОНӢ,
аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз