Аз 18 апрели соли 2024 дар ёдгории Саразм-2 –и шаҳри Панҷакент экспедитсияи байналмилалии бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Миссияи бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ (MAFAC) идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар маросими таҷлили 5500- солагии бостоншаҳри Саразм таъкид намуда буданд, ки «ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон менамоянд».
Ин умедвориро имрӯз олимоне, ки дар қабрисони бостоншаҳри Саразм ҳафриёт мебаранд, амалӣ менамоянд.
Гуфта шуд, ки фарзияи бостоншиносонро дар мавриди дар ҳудуди маҳали навбунёди аҳолинишини Саразм -2 воқеъ будани қабристони бостоншаҳри Саразм бозёфтҳои пайдокардаи муҳаққиқон собит месозад.
Бостоншиносон бар он назар ҳастанд, ки ҳафриёти минбаъда ва таҳқиқи бозёфтҳои мавҷуда кашфиёти тозаеро дар таърихи Саразми бостон дар пай дорад.
Ҳамчунон таъкид шуд, ки дар ҳудуди пешбинишавандаи таҳқиқи ин ёдгорӣ, ки таҷрибан 2,5 гектарро ташкил медиҳад, сохтмони ҳама гуна иншоот боздошта, онҷо ҳафриёт идома дода мешавад.
Бояд гуфт, ки солҳои гузашта таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин ҷо комплексҳои гӯристони маданияти Афанасеворо кашф намуд, ки он ба охири ҳазораи IV пеш аз милод рост меояд. Ин нишони он аст, ки дар водии Зарафшон дар охири энеолит ва аввали давраи биринҷӣ байни аҳолии зироаткори маҳаллӣ ва чорводорони қадим алоқаи зич вуҷуд доштааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент