Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти низоми бонкӣ, бахусус кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, таъсиси филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии низоми бонкӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва дурнамои ҳамкории бонкӣ байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода сафирро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории ҷорӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳои фаръӣ, филиалу намояндагиҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ намояд. Мавҷудияти сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёт далели ҷолиб будани он барои сармоягузорони хориҷӣ буда, давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷиву ватаниро кафолат медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар низоми бонкии ду давлат истиқбол намуда, ҳамзамон бахшҳои тиҷорату сайёҳиро дар муносиботи иқтисодии давлатҳо муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»