Аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ раванди корҳои демаркатсионӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон омода шуданд.
Вохӯрӣ дар руҳияи ҳампаймонӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон