Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи 57-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии Рушд, ки аз 2 то 4 май дар пойтахти Гурҷистон –шаҳри Тифлис баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни он доир ба вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, инчунин самтҳо ва афзалияти минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд маълумот дода шуд.

Дар ҳошияи ҷаласа Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава, ноиби Президенти БОР Йингмин Янг, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинска, директори генералии Бонки Осиёии Рушд доир ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ва директори иҷроияи БОР Викас Шил мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоя барои сохтмони иншооти муҳими стратегии мамлакат баррасӣ гардид.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин дар якчанд чорабиние, ки дар доираи ҷаласа доир шуданд, аз ҷумла ҷаласаи 14-уми Хазинаи Рушди Осиё иштирок намуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон