«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид

Либос ҷузъи фарҳанги ҳар миллат аст. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати зани тоҷик буда, дар ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад. Ин матлаб зимни баргузории Фестивали мӯд таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» дар Донишкадаи давлатии санъати  тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки фестивал имконияти хубе баҳри омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишкада барои муаррифии маҷмуи либосҳои омоданамудаашон мебошад. Донишҷӯён ва магистрантони донишкада дар коллексияашон либосҳои шинаму зеборо бо матои атласу адрас ва чакан ҷой додаанд.

Фестивал бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани либосҳои атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор гардид.

АКС аз бойгонӣ