Масоили мубрами ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон /ДБССТ/ бо Институти Гёте (Goethe-Institut) дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили даврҳои омӯзиши забони олмонӣ дар мулоқоти ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода бо роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳайати Институти Гёте бо пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон марказҳои
забономӯзӣ, рушди стратегӣ ва маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин донишгоҳ шинос шуд. Ба меҳмонон оид ба фаъолияти марказҳои забономӯзӣ ва пойгоҳи муосири озмоишгоҳии донишгоҳ иттилоъ дода шуд.
Сипас, дар маркази рушди стратегии донишгоҳ доир ба самтҳои стратегии рушд ва низоми менеҷменти сифати донишгоҳ, ки дар заминаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ амалӣ гардидааст, инчунин оид ба самтҳои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои грантӣ, ҳамкорӣ бо фондҳо ва ташкилоти маблағгузор маълумот дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо доир ба ташкили марказҳои омӯзиши забони олмонӣ муайян карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон