Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин ҳамкориро тақвият мебахшад

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Вейнани вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнси мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода вобаста ба зарфияту имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус пойгоҳи муосири омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин низ оид ба имконият ва шароити таҳсил дар ин донишгоҳ маълумот дода, ҳавасмандиашонро баҳри тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ омода аст 30 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро аз оғози соли таҳсили 2024-2025 дар доираи барномаи табодули академӣ ва омӯзиши забони давлати Чин қабул намояд. Ҳамзамон қабули 15 нафари дигар низ дар доираи табодул дар зинаҳои магистратура ва доктор PhD қобили қабул дониста шуд.

Инчунин роҳбарияти ин донишгоҳ омодагиашро барои ҷалби омӯзгорон барои дарс додан дар ихтисосҳои забони давлати Чин дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуданд.

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалисозии нақшаву ҳадафҳои гузоштаро дар доираи қонунгузорӣ қобили қабул ва ба манфиати ҷонибҳо донистанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон