Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Дар  Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ҳошияи мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ таҳти унвони «Масъалаҳои  муҳими пешгирӣ  ва  мубориза  бо ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаи муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.

Дар конференсия моҳияти хурофоту хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ  дар  ҷомеаи  муосир,  ифротгароӣ- манбаи  таҳдид ва хатар   ба  ҷомеа,  хурофот ва  хурофотпарастӣ – монеаи рушди ҷомеа, усул ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ақидаҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон, санадҳои  меъёрӣ  ва  ҳуқуқӣ  оид ба  фаъолияти террористиву экстремистӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин иштирокдорон вобаста ба нақши  мазҳаби ҳанафӣ дар пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта ҳамчун  омили пешгирӣ  аз  тафаккури  ифротгароӣ  ва  тундгароӣ мубодилаи афкор намуданд.

 АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон