Ҳамзамон бо иштироки бонувони муассиса озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ва аксияи “Тоҷикона мепӯшем” доир гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарони шабакаҳои телевизонӣ ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуда, ба ҳунару маҳорати бонувони муассиса баҳои баланд доданд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш меҳмонон суханронӣ намуда, саҳми Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – ро ҷиҳати огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ озмуни “Маъруфтарин блогери сайёҳӣ”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сайёҳати Диёр” давоми се моҳ идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ба озмун дар маҷмуъ 30 нафар дӯстдорони сайру сайёҳат маводҳои видеоии худро аз манзараҳои зебои Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон, Умедҷон Қурбонов ғолиби ҷойи якум, Умеда Почоева сазовори ҷойи дуюм ва Шералӣ Давлатов мақоми сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ҷоиза ва тӯҳфаҳои пулии муайяннамудаи масъулини озмун тақдим карда шуд.
Ҳамзамон дар ин радиф бо фармоиши роҳбарияти Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд тан аз кормандони Муассиаи давлатии Телевизони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишонҳои “Аълочии телевизион ва радио”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” супорида шуд.