Дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Протоколи ҷаласаи комиссияи муштараки Точикистону Узбекистон оид ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» имзо карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм » хабар медиҳад.
Протоколро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва аз ҷониби Узбекистон муовини директори Шуҳрат Ризоев ба имзо расониданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар фурсати наздиктарин корҳои омодагӣ барои наворбардории филм шуруъ мегардад.
Хотирнишон менамоем, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон аз ҷониби гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон филмномаи мазкур мавриди таҳриру таҳлил қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи муштараки коршиносони соҳаи синамои Тоҷикистону Узбекистон, ки аз 13 то 19 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чорабиниҳои муқаддамотии анҷомшуда баррасӣ гардиданд. Филмнома саҳна ба саҳна мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо мувофиқаи тарафайн ба матни филмнома тағйиру иловаҳои ниҳоӣ ворид карда шуданд.
Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» мувофиқа ва тасдиқ гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»