Масъалаи омодагӣ ва иштирок дар намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим», ки моҳи сентябри имсол дар Британия баргузор мегардад, дар мулоқоти маҷозии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафар Иброҳимзода бо намояндагони Осорхонаи Британия Линдаси Снук ва доктор Ю-пинг Лук баррасӣ гардид.
Назар ба иттилои сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов, ҳадафи мулоқот дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намудани намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» буд, ки моҳи сентябри имсол дар осорхонаи Британия гузаронида мешавад.
Мусоҳибон масоили бастубанди нигораҳоро тибқи муқаррароти осорхонавӣ, интиқоли безарари онҳо ба Британияи Кабир ва баргардонидани онҳо, муҳлати баргузории намоиш, омода намудани раводид, қабули даъватномаҳо ва иштироки ҷониби Тоҷикистон дар намоиш, ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи Британияи Кабир ва дигар паҳлуҳои раванди омодагӣ ба ин намоишро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ аввали моҳи августи имсол аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ ва ширкати Глобалинк ба Осорхонаи Британияи Кабир интиқол дода мешаванд.
Зафаршо Иброҳимзода таъкид намуд, ки иштироки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар чунин намоиши сатҳи байналмилалӣ мояи ифтихор аст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон